Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» - | Бинобар афзиоши маҷрои дарёи Вахш ва зиёдшавии об дар обанбори Норак имруз дар пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ лағв карда мешавад.
Шурӯъ аз 24 март дар пойтахти Тоҷикистон дар интиқоли қувваи барқ маҳдудият ворид карда шуд. Сокинони шаҳри Душанбе аз саоти 23 шом то 5 субҳ аз барқ маҳрум буданд, дар дигар манотиқи кишвар «барқ» танҳо ду соат дода мешуд.
Тавре ба «АП» раҳбари дафтари матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, шуруъ аз имруз, 15 апрел, дар тамоми манотиқи кишвар барқ рӯзона аз соати 5 то 10 ва шомгоҳон аз соати 17 то 22 дода мешавад.
Ба иттилои Ёдгори маҷрои рӯди Вахш имруз ба 450 мукааб дар як сония расид. «Дар сурати зиёдшавии маҷрои об то 550-600 мукааб дар як сония маҳдудият дар кишвар пурра бардошта мешавад»,- афзуд намояндаи ширкати «Барқи тоҷик».
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомии Маскав иштирок кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2025
“Яккаписар будам, аммо падарам ба ҷанг фиристод”. Ҳикояи куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста