Душанбе. 18 апрел. «Азия-Плюс» - | Дар пойтахти Тоҷикистон маркази олимпии варзишӣ сохта мешавад, дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдувалӣ Комилов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ лоиҳаи сохтмони маркази варзишӣ дар шаҳри Душанбе, ки нақша аст дар надикии Амфитеатр сохта шавад, алакай омода аст.
Сохтмони маркази миллии варзишӣ, воқеъ дар хиёбони Карамов,ба суръати лозима пеш рафта он аз се толори варзишӣ - умумӣ, корти тенис ва ҳавзи шиноварӣ иборат аст, афзуд раҳбари Агентӣ.
Толори варзиши умумии марказ дар майдони 5,7 ҳектар замин ҷойгир шуда дар он 4 ҳазор ҷойи шишт пешбинӣ шудааст.
Ба ин минвол бо мақсали рушди варзиш дар Тоҷикистон имсол дар ҳудуди ҷумҳурӣ даҳҳо маркази варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Абдувалӣ Комилов инчунин хабар дод, ки бахшида ба 20- умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, нақша аст дар соли 2011,сартосари ҷумҳурӣ, 1347 иншооти нав сохта ба истифода дода шавад, аз ҷумлаи он 166 бино дар пойтихти кишвар.
«Чойхонаи миллӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, осорхонаи миллӣ, маркази фароғатии «Сомониён», меҳмонхонаи «Серена», марказҳои тиҷорат ва савдо, биноҳои зисти баландошёна ва дигар иншоот шаҳри Душанберо зеб хоҳанд дод», - иброз дошт ӯ.
Беш аз ин дар рӯзҳои таҷлили ҷашни истиқлолият дар пойтахт Парчами Тоҷикистон дар баландии 165 метр қомат афрохта нишони давлат ба андозаи 5 метр омода хоҳад шуд.
Маблағи умумӣ барои сохтмони иншоот ҷудо шуда 4 млрд сомони ( беш аз 900 млн доллар)- ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, сохтмони тамоми иншоот ба суръати лозима пеш рафта дар вақти муққараршуда ба истифода дода мешаванд.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста