Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» - | Вазорати кишоварзии кишвар Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 -ро таҳия кардааст.
Мувофиқи ин барнома вазорат марҳила ба марҳила аз мақомоти идорӣ ба таконбахш табдил хоҳад шуд, хабар медиҳад ректори Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқи Вазорати кишоварзӣ, доктори илми иқтисод Рустам Қудратов. Ба гуфтаи ӯ барномаи мазкур дар асоси қарори ҳукумати кишвар таҳия шудааст. Барои омода намудани ҳуҷҷат 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки намояндагони он давоми ду сол аз як қатор кишварҳои хориҷ дидан намуда аз таҷрибаи онҳо дар бахши кошоварзӣ баҳра бардоштанд. Барномаи ислоҳоти бахши аграрии кишвар дар се марҳила амалӣ мегардад.
Марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2012-ро дар бар гирифта, аз таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ иборат аст.
Дар марҳилаи дуввум (2012-2015) қарор аст системаи нави идорӣ ва диверсификатсияи хоҷагии қишлоқ , маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ ҷорӣ
Дар марҳилаи сеюм (2015-2020) афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби фоидаи истеҳсолкунандагон дар назар аст.
В рамках реализации программы предусмотрено привлечение интереса дехкан к сельскохозяйственному производству с помощью экономических рычагов (налоги, экспорт, импорт), создание благоприятных условий для увеличения производства.
Р.Кудратов сообщил, что доноры одобрили и пообещали поддержать реализацию программы реформирования сельского хозяйства Таджикистана, главная цель которой - в обеспечении продовольственной безопасности в стране.
Дар доираи амалисозии барнома ҷалби деҳқонон бо ёрии механизмҳои иқтисодӣ (андоз,содирот, воридот), муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиши маҳсулот, пешбинӣ шудааст.
Рустам Қудратов инчунин афзуд, ки ташкилотҳои донорӣ омода ҳастанд барномаи мазкурро дастгирӣ намоянд. Гуфта мешавад, мақсади асосӣ аз роҳандозии барнома таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар аст.
Бар тибқи маълумоти вазорати кишоварзии кишвар имрӯз маҳсулоти кишоварзӣ танҳо 60 % талаботи аҳолиро қонеъ мекунад. Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 514,9 млн сомонӣ тавлид карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давараи соли гузашта ба миқдори 34,93 ҳазор сомонӣ (7,3%) афзудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста