Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Ширкати эронии «Фароб», ки ба сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон машғул аст, минбаъд ба интиқоли таҷҳизоту механизмҳои стратегӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон хотима мебахшад.
Намояндаи ширкати мазкур Саид Аскарӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки минбаъд тавассути қаламрави Ӯзбекистон танҳо он бору таҷҳизотеро интиқол хоҳанд дод, ки онро метавон муддати чанде интизор шуд. «Ин тасмим ба он далел пеш гирифта шуд, ки соли гузашта дар истгоҳҳои роҳи оҳани кишвари ҳамсоя масолеҳи сохтмону таҷҳизоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда муддати якчанд моҳ боздошта шуда буданд ва лозим омад, ки борҳои махсусан муҳимро тавассути роҳи ҳавоӣ интиқол диҳем, ки ин тарзи интиқол хеле гарон аст», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, акнун ин гуна масолеҳу таҷхизот дар Чин фармоиш дода шуда, аз ҳамон ҷо оварда мешаванд ва маҳсулоти дар Эрон тайёршуда тавассути қаламрави Афғонистон интиқол дода мешавад.
Саид Аскарӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шавад ва дар робита ба ин масъала, аз Эрон мутахассисон даъват гардида, онҳо айни замон масъалаи имкони тезонидани ба истифода додани ду агрегати аввалро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Қаблан мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.
Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста