Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Феълан майдони аз ҳуҷуми малах зарардида дар Тоҷикистон 143,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 86 ҳазор гектар баробар буд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев хабар дод, сабаби аслии ба вуҷуд омадани чунин вазъ дар он аст, ки боришоти кам дар баҳори имсола ба поин омадани малах аз мавзеъи кӯҳсори хушк ба саҳрои сабзпӯш боис гардидааст. «Ҳуҷуми малах ба заминҳои кишт назаррас нест ва таҳдиди зарари он ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ночиз аст», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, айни замон баҳри мубориза бо ҳуҷуми малах ва коркарди кимиёвии макони зисти он ҳудуди 2 ҳазор нафар одамон, 55 адад трактор ва 2 ҳазор адад дорупошакҳои дастӣ сафарбар гардида, то кунун дар майдони беш аз 114 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. «Малахи марокашӣ қариб пурра нобуд карда шуда, баҳри комилан нобуд сохтани малахи итолиёвӣ дар макони зисти он коркарди кимиёвии такрорӣ гузаронида мешавад», - иброз дошт Қ.Ғаниев.
Номбурда ҳамчунин афзуд, тайи рӯзҳои ахир дар ноҳияҳои наздимарзӣ, аз ҷумла ноҳияи Панҷ афзоиши шумори малах ба мушоҳида мерасад, ки аз кишвари ҳамсояи Афғонистон омадааст, зеро дар он ҷо саҳроҳо хушк буда, бо ин ҳашароти зараррасон ба таври бояду шояд мубориза бурда намешавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта дар Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бо малах барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, соли равон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараррасон ҷудо кардани 3,8 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғон дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Дар Душанбе Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боз мешавад. Он барои чӣ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста