Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бонки рушди Авруосиё (БРАО) ният дорад, ки баҳри амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон 200 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намояд.
Директор оид ба амалиёти таҳлилии бонки мазкур Владимир Ясинский дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки айни замон бонк масъалаи имкони сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои иқтидори миёна дар Тоҷикистонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст. «Татбиқи ин лоиҳаҳо шояд вақтҳои наздик оғоз гардад ва он набояд кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро ба ташвиш орад, зеро онҳо ба ҳаҷми ҷоришавии оби рӯдхонаҳо ҳеҷ таъсире нахоҳанд гузошт», - иброз доштааст ӯ.
Да робита ба масъалаи тақсими захираҳои қарзии бонк В. Ясинский зикр кардааст, ки аз ҳаҷми умумии лоиҳаҳои сармоягузоришуда ба ҳиссаи Тоҷикистон – 1%, Русия – 50%, Қазоқистон – тақрибан – 40% ва Белорус – 10% рост меояд.
Айни замон дар Тоҷикистон бо маблағгузории БРАО ду лоиҳа татбиқ мешавад. Лоиҳаи аввал сохтмони корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (ҶСП «Олим-Текстайлз») ба маблағи 22 млн. 570 ҳазор доллари ИМА маҳсуб меёбад, ки муваффақона анҷом пазируфта, ба қавли Ясинский, феълан масъалаи имкони рушди ин лоиҳа, яъне роҳандозии содироти маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Лоиҳаи дуввум ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА ба «Тоҷпромбонк» ҷиҳати амалисозии маблағгузории барномаи қарздиҳии хурд дар Тоҷикистон буда, он дар се қисм муддати як сол ҷудо карда хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар таърихи 1-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт.
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста