Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов бар ин назар аст, ки ташаббуси Хадамоти зиддиниҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ бобати танзими нархҳо ба чанде аз маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия аз ҷониби ҳукумат метавонад ба камбуди он дар бозори дохилӣ боис гардад.
Ба қавли вай, дар кишварҳои гуногун дар мавриди зарурат аз чунин таҷриба кор гирифта шудааст, вале ин хароҷоти иловагӣ аз буҷаи ин кишварҳо ва дар навбати худ аз истеҳсолкунандагонро ҳам тақозо намудааст. «Солҳои сиюми қарни гузашта ҳукумати ИМА ба ширкатҳои бузурги истеҳсолкунанда кодекси тиҷорати боинсофу софдилонаро пешниҳод намуданд, то ки онҳо арзиши изофӣ дар фурӯши чаканаро беасос боло набаранд, вале ман боварӣ надорам, ки буҷаи Точикистон дар ин ҳолат хароҷоти истеҳсолкунандагонро ҷуброн карда тавонад, - мегӯяд ӯ. – Агар сухан сари танзими нархи маҳсулоти ватанӣ равад, онро чӣ гуна метавон анҷом дод? Қимати воқеъии маҳсулоти ватаниро чӣ гуна метавон коҳиш дод? Ба маҳсулоти воридотӣ мо метавонем танҳо андози дохилиро кам намоем».
Ба ақидаи Б.Ҳабибов, агар ҳукумат хароҷоти таъминкунандагони маҳсулотро ҷуброн карда натавонад, роҳандозии пешниҳоди хадамоти зиддиниҳисорӣ метавонад ба камбуди маҳсулот дар бозори дохилӣ оварда расонад. «Ҳатто овозаҳои ҷорисозии танзими нарх ба ин ё он маҳсулот ба он оварда мерасонад, ки воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш меёбад, зеро тиҷорат қоидаву тартиботи худро дорад ва ҳеҷ кас ба зиёни худ кор нахоҳад кард», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ҷорӣ сохтани танзими давлатии нархҳо ба баъзе маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия барои ҷомеаро пешниҳод сохтааст ва кормандони ин хадамот лоиҳаи муқаррарот, тартиби ташаккул ва истифодаи нархҳои озод ба маҳсулот ва навъҳои хизматгузориро таҳия кардаанд. Дар ин лоиҳа муқаррар кардани маблағи иловаи фурӯши чакана ба баъзе маҳсулот пешниҳод мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста