Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Моту Кониши Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи Бурси панҷуми барномавӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои сиёсат ба маблағи 10 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.
Ба гуфтаи Моту Кониши, бурси мазкур ба дастгирии амалисозии барномаи ислоҳоти пешбинишуда дар Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ нигаронида шудааст. «Сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, Тоҷикистон вазифаҳои худро муваффақона ба иҷро расонида, рушди иқтисодиро таъмин намуд ва дар робита ба ин, барномаи мазкур эътирофи ин далел натанҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, балки дигар созмонҳои мададрасон низ мебошад, - гуфт ӯ. – Тавассути амалисозии ин барнома мо ният дорем, ки ҳарчи бештар ба шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ ноил гардем».
Моту Кониши ҳамчунин афзуд, Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади рушди тиҷорат ва таъмини ба даст овардани даромади бештару фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон минбаъд низ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Дар навбати худ, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бурси мазкур ба сифати дастгирии мустақим ба бюҷети ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, ба ҳукумат ҷиҳати маблағгузорӣ ба бахшхои тандурустиву маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шаффофият ва самаранокӣ дар идоракунии маблағҳои давлатӣ кӯмак хоҳад расонид. «Маблағи мазкур ба барқарорсозии иқтисод пас аз бӯҳрон, суботи макроиқтисодӣ, рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста