Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Эрон – роҳбари ширкати «Сурӯши байнулмилалӣ» Имрон Муҳаммад Козимӣ доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони тоҷику эронӣ, ҳамчунин намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор ширкатҳои тоҷикистониву эронӣ иштирок карданд. «Дар ҷараёни кори ҳамоиш ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ ва дорусозӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид», - гуфтанд дар вазорат.
Манбаъ афзуд, дар ҳамоиш як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ, Хадамоти давлатии назорати фаъолияти дорусозии Тоҷикистон ва ширкатҳои дорусозии Эрон ба имзо расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста