Хуҷанд. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд маросими мавриди истифода қарор гирифтани трансформатори дуюми зеристгоҳи низоми энергетикии хати интиқоли барқи (ХИБ) «Ҷануб-Шимол» доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, бо насби трансформатори мазкур акнун ба низоми энергетики вилояти Суғд ба ҷойи 12,7 млн. беш аз 13 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Корҳои насби трансформатори дуюмро мутахассисони ширкати «TBEA»-и Чин анҷом дода, акнун ба тамоми ҷараёни кори низоми энергетикӣ компютер назорат хоҳад кард.
Дар робита ба мавриди истифода қарор гирифтани тансформатори дуюм, дар вилояти Суғд реҷаи маҳдуди истифодаи барқ пурра бекор гардид. «Лекин нисбати қарздорон чораҳо андешида хоҳанд шуд ва пас аз огоҳӣ агар дар муддати панҷ рӯз маблағи қарз пардохта нашавад, интиқоли барқ ба онҳо қатъ карда мешавад», - гуфтанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки ба вилояти Суғд нерӯи барқ тавассути ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ба зеристгоҳи «Суғд-500» интиқол дода шуда, ба ҷуз ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ба тамоми вилоят тақсим мегардад. Ба гуфтаи энергетикҳо, иқтидори интиқолии ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» 27 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» моҳи ноябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, бо ба кор даровардани он Тоҷикистон соҳиби низоми ягонаи энергетикӣ гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста