Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов бар ин назар аст, ки ҷалби қарзҳои хориҷӣ барои кишвари дар ҳоли рушд қарордошта чун Тоҷикистон зарур аст, вале он аз ҷиҳати иқтисодӣ бояд асоснок шуда бошад.
«Қарзҳо бояд то он дараҷае асоснок шуда бошанд, ки мо бояд бидонем, ки кай ба мо манфиат меоранд, зеро мо ин қарзҳоро бояд бо фоизҳояш баргардонем. Лекин аз кадом ҳисоб? Ман то ҳанӯз ҳеҷ асоси дақиқи баргардонидани қарзеро пас аз 10 ё 20 сол мушоҳида накардаам. Кӣ кафолат дода метавонад, ки пас аз 10 сол мо бой мешавему ин қарзҳоро барммегардонем», - мегӯяд ӯ.
Ҳабибов зикр намуд, ки ҷалби қарзҳо бояд бо он асоснок гардад, ки мо оянда аз онҳо даромаде ба даст орем, то ки аз ҳисоби он қарзҳоро баргардонем. «Ба мо мегӯянд, ки ҷалби сармоя ба бахши энергетика аз ҳисоби боло бурдани тарофаҳо ба нерӯи барқ рӯйпӯш карда мешаванд, вале кӣ бо ин тарофаҳо арзиши нерӯи барқро пардохт мекунад?. Оё аҳолии камбизоати мо қодир аст, ки бо чунин нархи гарон арзиши нерӯи барқро пардохт созад», - суол медиҳад ӯ.
Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон афзуд, зимни ҳисобу китоби ин ё он қарз бояд натанҳо рушди пешбинишудаи иқтисод, балки ҳаҷми даромади аҳолӣ низ ба эътибор гирифта шавад.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 987 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ахири соли 2010 ба миқдори 45 млн. доллари ИМА бештар аст. Айни замон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 31,6%-ро ташкил медиҳад. Тибқи пешгӯиҳои Вазорати молия, ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар охири соли равон ба 2,2 млрд. доллари ИМА баробар хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста