Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар шаҳри Маскав доир гардид, Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2020 маъқул шуморида шуд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи дуюм (солҳои 2012-2015), лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ то соли 2020 ва лоиҳаи Созишнома дар бораи регламентҳои техникии кишварҳои узв низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ҷаласа инчунин атрофи масоили марбут ба фаъолияти молиявии созмон, пешниҳоди имтиёзот ба сармоягузорон, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва интиқоли маблағи аъзохаққии ҳиссавии кишварҳо ба бюҷети ягонаи ИДМ дар соли 2011 табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста