Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи Beeline хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод мекунад, дар бораи тавсеъаи минтақаи фарогири шабака эълон кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Таком» хабар доданд, дар харитаи фарогири шабака деҳоти нав дар ноҳияҳои тобеи марказ – Бунгакиён, Навобод, Нуробод, Ромит, Шӯроб, Шоҳамбарӣ, Қиблава Нимиҷ пайдо шуданд. «Дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳои аҳолинишини Рарз, Вешаб, Похут, Пунук, Ашти Боло, Чорух-Дайрон, дар вилояти Хатлон дар Пошшодара, Тугарак, Саричашма, Моҷиробод, Батробод ва дар ВМКБ дар Баравн ва Тусён алоқаи мобилии ширкат дастрас гардид», - гуфтанд дар ширкат.
Директори генералии ҶДММ «Таком» Сергей Миронов дар робита ба ин масъала мегӯяд, дар муддати начандон зиёд шумори муштариёни шабакаи Beeline ба миқдори зиёда аз 60 ҳазор нафар зиёд гардидааст. «Қисмати зиёди истгоҳҳои заминавӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон насб гардида, мавриди истифода қарор гирифтани чунин навъи таҷҳизот дар Тоҷикистон кори муҳим аст», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста