Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо соли 1996 феълан захираҳои моҳӣ дар рӯдхонаи Сирдарё ба андозаи панҷ баробар коҳиш ёфтаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифзи рустанӣ, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сангинбой Қурбонов хабар дод, соли 1996 захираҳои моҳӣ даор обанбори Қайроққум 500 тоннаро ташкил медоданд ва ба ақидаи коршиносон, он феълан ба 100 тонна баробар аст. «Ба камшавии моҳӣ камбуди маблағ, захираҳои маводи ғизоӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис гаштанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, ҳамасола дар вилояти Суғд бо мақсади зиёд кардани захираҳои моҳӣ дар давраи тухммонӣ моҳидорӣ манъ карда мешавад ва он соли равон аз 5-уми апрел то 20-уми июн ҷорӣ гардида буд. «Дар ин давра 123 рейдҳои муштараки экологон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо доир гардида, барои қонуншиканӣ 49 аснод ва 30 протокол тартиб дода шуд. «Ҳаҷми зарар 962 сомониро ташкил дода, 60 адад асбоби моҳидориву қаиқ ва беш аз 2 километр тӯри моҳидорӣ мусодира гардид», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҳавзаи рӯдхонаи Сирдарё 19 навъи моҳӣ парвариш ёфта, дар қаламрави вилояти корхонаи «Суғдмоҳӣ» амал мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста