Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Бо ба Тоҷикистон ворид шудани маводи сӯзишворӣ аз рӯйи меъёрҳои нави боҷҳои гумрукии содиротӣ, ки ҳукумати Русия аз 1-уми июли соли равон муқаррар намуд, қимати маводи сӯзищворӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд.
«Айни замон дар нуқтаҳои фурӯш маводи сӯзишворие, ки мутобиқи меъёри боҷи содиротии моҳи июн ворид гардида буд, фурӯхта мешавад ва табиист, ки бо ворид шудани маводи сӯзишворӣ мутобиқи меъёрҳои нави боҷи содиротӣ, бо назардошти хароҷот, нархи чаканаи маводи сӯзишворӣ низ тағйир меёбад», - гуфтанд дар ширкати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, санаи дақиқи ба Тоҷикистон ворид шудани мваоди сӯзишворӣ бо меъёрҳои нави боҷи содиротӣ ҳанӯз маълум нест, вале захираҳои маводи сӯзишвории ширкат алҳол кифоя аст. «Феълан дар нуқтаҳои фурӯши ширкат ба ҷуз бензини навъи АИ-80, ки арзиши он аз 2-юми июл 40 дирам боло рафта, ба 6 сомонӣ расид, нархҳои аз санаи 8-уми июн муқарраршуда бетағйир боқӣ мондаанд. Феълан бензини навъи АИ-92 – 6,30, АИ-95 – 6,40 ва АИ-98 – 6,1 сомонӣ арзиш доранд», - гуфт сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки Русия аз 1-уми июл меъёри боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии сафедро барои 1 тонна аз 309,6$ то ба 298,2 $ поин бурд. Боҷи содиротӣ барои 1 тонна бензин мутаносибан аз 415,8$ то ба 400,5 $ коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид гардидааст, ки 180 ҳазор тоннааш ба Русия рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста