Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва гурӯҳи Бонки миллӣ бо сарварии Ларс Йенсен масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, мулоқот дар рӯхияи созанда баргузор шуда, дар он оид ба масоили муҳим ва мушкилот дар бахши молиявӣ-бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифт. «Ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва муносиботи кишвар бо созмонҳои банулмилалии молиявиро баррасӣ карданд», - гуфтанд дар котиботи вазорат.
Дар ҷараёни мулоқот Ларс Йесен зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ният дорад, минбаъд низ расонидани кӯмаки техникӣ баҳри амалисозии идоракунии қарзи давлатиро идома дода, оид ба таҳлили вазъи қарз ва таҳияи пешниҳодот бобати устуворӣ ва таъмини қарзи давлатии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии татбиқи барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ аст, тренингу семинарҳо доир намояд.
Дар навбати худ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар давраи баъдибӯҳронӣ кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ саривақтӣ ва зарур аст. Ӯ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ кард.
Зикр гардид, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ масоили марбут ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста