Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ се созишнома дар бахши рушд ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳаҳо соли равон аз ҷониби Шӯрои Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шудаанд.
Ҳадафи асосии лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,2 млн. доллари ИМА такмили имконоти ҳуқумат бобати банақшагирӣ, баргузории мониторинг ва идоракунии равандҳои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, баргузории омӯзиш ва бо таҷҳизоту таркиботи дахлдор таъмин кардан барои таҳкими имконот аст.
Лоиҳаи дуюм оид ба обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 16 млн. доллари ИМА ба беҳбуди самаранокии фаъолияти корхонаҳои обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин расонидани кӯмаки техникӣ барои афзудани имконот ва ҳамчунин чорабиниҳо оид ба афзудани имконоти корхонаи «Обу корези Душанбе» нигаронида шудааст.
Ҳадафи лоиҳаи сеюм оид ба таҷдиди фаъолияти хадамоти гидрометереологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи умумии 27,7 млн. доллари ИМА дар пешниҳоди дақиқ ва саривақтии хизматгузориҳои гидрометереологӣ дар минтақа, бахусус дар Тоҷикистону Қирғизистон ифода меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста