Кӯлоб. 15-уми май. «Азия-Плюс» — | Даҳ маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, пас аз 10 соли таваққуф бо нерӯи барқи доимӣ таъмин карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, барои ноил гардидан ба ин кор ба тавозуни корхона гирифтани зеристгоҳи барқии мутааллиқ ба хоҷагии деҳқонии имени И.Шарифов лозим омадааст.
Ба қавли вай, айни замон зеристгоҳи барқӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду трансформатори корношоям иваз ва хатти интиқоли барқи масофаи 18 километр таъмиру азнавсозӣ шудааст.
«Барои назорати доимии хатти интиқоли барқ ба зеристгоҳ коргарони соҳибтаҷрибаро киро кардем», - гуфт М.Исмоилов ва илова намуд, ки сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин изҳор кардаанд, ки ба пешпардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ омодаанд, зеро муддати ин солҳо қариб бе барқ зиндагӣ доштаанд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста