Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли 2011 афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад 4,5% ва дар соли 2012 – 4,53%-ро ташкил диҳад, - гуфта мешавад дар макромониторинги рӯзи 18-уми июл интишоршудаи Бонки рушди Авруосиё (БРАО).
Тибқи пешгӯии БРАО, соли 2011 афзоиши ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон – 6,1, Туркманистон – 9,3, Ӯзбекистон – 7,8, Қазоқистон – 5,9, Қирғизистон – 5,7, Русияву Украина – 4,5, Озарбойҷон – 3,9, Молдова – 4,1 ва Арманистон – 4,3%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар санади БРАО зикр мегардад, ки «дар Белорус бинобар бӯҳрони мавҷуда пешгӯии рушди минбаъади иқтисод мушкил аст».
Дар мониторинг гуфта мешавад, айни замон ба иллати заъиф гардидани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус Чин, ки маънои коҳиши талабот ба ашёи хомро дорад, дар рушди муназзами иқтисоди кишварҳои минтақа мушкилоту монеъаҳо боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, ҳарчанд барқарор шудани иқтисоди кишварҳои минтақа ба мушоҳида расад ҳам, вале он то ҳанӯз касри буҷаи давлатӣ ва афзоиши қарзҳоро бартараф насохтааст. Ва ахиран афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва барзиёд будани пули нақд дар гардиш таваррумро ба мушкилоти асосӣ дар минтақа табдил додааст.
Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон 11 млрд. 158 млн. 519 сомонӣ (беш аз 2,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста