Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкатҳои қазоқӣ пас аз ширкат дар ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ ният доранд, ки ба маблағи беш аз 13 млн. $ шартномаҳои содиротӣ ба имзо расонанд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST».
«Ин ҷо сухан сари ба Тоҷикистон ворид сохтани трансформаторҳо, аккумулятор, омехтаҳои хушки сохтмонӣ, маснӯъоти лаку ранг, доруворӣ, маҳсулоти коғазӣ, майонез, равған, гӯшти мурғ ва маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Қазоқистон меравад», - зикр мегардад дар хабари «KAZNEX INVEST».
Бино ба иттилои агентӣ, қисмате аз шартномаҳо зимни ҳамоиши тиҷоратӣ ба имзо расида буданд. ҶС «Рза» (вилояти Қилилорда) бобати ба Тоҷикистон ворид сохтани биринҷ, ҶШММ «Барис 2007» дар хусуси таъмин бо маснӯъоти макаронӣ ва ҶШММ «ZHERSU POWER» (вилояти Алмаато) дар бораи таъминоти ҷониби Тоҷикистон бо аккумуляторҳо ба мувовиқа расиданд. Ҳаҷми умумии ин шартномаҳо 5,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста