Хуҷанд. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Деҳқонони вилояти Суғд ҳосили меваашонро ба корхонаҳои коркарди мева арзон фурӯхтанӣ нестанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори корхонаи «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Муйдин Холиқов хабар дод, соли равон 13 корхонаи консервбарории вилоят дар бораи харидани беш аз 5,2 ҳазор тонна зардолуву шафтолу бо деҳқонон шартнома ба имзо расонида, то имрӯз 1,3 ҳазор тонна мева гирифтаанд. Ҳамчунин ҳаҷми содироти мева аз вилояти Суғд низ коҳиш ёфтааст.
Дар ҳоле ки дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд як кило зардолу 2 ва шафтолу 7 сомонӣ аст, корхонаҳои консервбарорӣ барои як килои он аз 60 то 80 дирам маблағ пардохт мекунанд.
Бино ба маълумоти хадамоти гумруки вилоят, дар зарфи панҷ моҳи соли равон аз вилояти Суғд ба маблағи 602 ҳазор $ маҳсулоти консервагӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 943 ҳазор $ камтар аст. Коршиносон сабаби коҳиши содироти маҳсулоти консервагиро ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, паст шудани сатҳи рақобатпазирии маҳсулот ва афзоиши тарифҳои роҳи оҳан марбут медонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста