Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Моҳи сентябри соли равон ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бояд зиёда аз 1 ҳазору 400 иншоот мавриди истифода қарор гиранд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.
Ба қавли вазир, аз ин миқдор 854 иншоот аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ бунёд мегарданд. «Соли равон баҳри схтмони иншооти ҷашнӣ аз буҷаи давлатӣ ҳудуди 300 млн. сомонӣ (беш аз 63 млн. $) ва дар маҷмӯъ аз оғози бунёди иншоот беш аз 1 млрд. сомонӣ (212 млн. $) маблағ ҷудо гардид.
Наҷмиддинов шарҳ дод, ки иншооте мавҷуданд, ки сохтмони онҳо муддати се-чор сол идома дорад. «Ғайр аз ин, аз фонди президент барои сохтмони интернат дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ боз 11 млн. сомонӣ ихтисос дода шуд», - таъкид сохт ӯ.
«Инҳо асосан иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, яъне мактабу бемористон ва дармонгоҳҳо мебошанд, - идома дод ӯ. – Гап сари он аст, ки сарвари давлат дар назди мо вазифа гузошт, ки пеш аз ҳама бахши иҷтимоиро дастгирӣ намоем».
Вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард, ки воситаҳо барои сохтмони иншооти ҷашнӣ пешакӣ дар бюҷети давлатӣ пешбинӣ гардида буданд. «Дар бюҷет моддаи маблағгузории асосӣ мавҷуд аст, ки ин маблағҳо дар он қарор доштанд», - афзуд С.Наҷмиддинов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста