Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғро дубора барқарор кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, чанде қабл ин масъала дар машварати ҳукумати кишвар баррасӣ шудааст. «Дар машварат перомуни озод кардани ширкати «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳои фурудгоҳ ва ҳавонавардӣ қарор қабул гардид, лекин ин қарор ҳоло шифоҳӣ буда, ояндаи наздик баъди мувофиқа бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ он расман ба тасвиб хоҳад расид», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ки парвози ҳавпаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғ рӯзи 25-уми июл дубора барқарор шуданд. «Айни замон мо тибқи меъёрҳои пештараи пардохти хизматгузориҳо амал мекунем ва ба ширкат ҳеҷ сабукиву кам кардани пардохт дода нашудааст. Хатсайри Душанбе-Хоруғ барои мӯътадил сохтани вазъ дубора барқарор гардид. Аз ҷониби шаҳрвандон арзу шикояти зиёде ворид гардид ва мо натавонистем мусофирони худро дар ин ҳол бигузорем», - гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкати мазкур умедвори онанд, ки дар фурсати наздиктарин «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳо озод гардида, дар хатсайрҳои дохилӣ ба зиён дучор намегардад.
Ёдрас мекунем, ки парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ-Душанбе рӯзи 15-уми июл пурра қатъ гардида буд. Директори генералии ширкат дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки хатсайри мазкур зиёновар буда, ҳаҷми зарари аз он расида дар як моҳ то 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста