Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди бинои «Олами китоб» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе 20-уми август ба итмом мерасанд. Дар ин бора муовини раиси пойтахт Сайвалӣ Сафаров хабар дод.
«Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯзи 10-уми июл шурӯъ шуда, анҷоми онҳо муддати 6 моҳ пешбинӣ гардида буд. Айни замон дар он ҷо дар се баст кор ташкил гардида, рӯзи 20-уми август гузаргоҳҳо мавриди истифода қарор мегиранд», - гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.
Ба қавли Сафаров, аз 26-уми июл корҳои таъмири асосии кӯчаи Шоҳтемур дар назди меҳмонхонаи Тоҷикистон оғоз гардидаанд. «Дар як вақт ҳамчунин дар кӯчаҳои Бухоро, Дӯстии халқҳо, Соҳилӣ, Дониш, роҳи марказии протоколӣ ва кӯчаи Айнӣ то дарвозаҳои шарқии шаҳр корҳои таъмиру тармим гузаронида шуда истодаанд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста