Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки нимаи дуюми соли равон ва аввалҳои соли оянда дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон нархи орд ва маҳсулоти нонӣ ба қадри ҳол устувор боқӣ хоҳанд монд.
«Дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки зиёда аз 1 млн. тонна маҳсулоти ғалладонагӣ истеҳсол мешавад, - зикр кард вазир. – Тадриҷан дар дохили кишвар истеҳсоли зироати ғалладонагиро афзун хоҳем кард. Ғайр аз ин, соли равон бинобар обуҳавои мусоид дар Русияву Қазоқистон, ки таъминкунандагони маҳсулоти ғалладонагии Тоҷикистон мебошанд, ба даст овардани ҳосили хуби зироати ғалладонагӣ пешбинӣ мегардад. Масалан, дар Русия ба даст овардани беш аз 90 млн. тонна ҳосили зироати ғалладонагӣ дар назар аст, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёдтар аст».
Ҳамралиев хотиррасон намуд, ки соли гузашта Қазоқистону Русия маҷбур шуданд, ки содироти гандуму ордро манъ намоянд. «Аввали соли равон низ чунин ҳолат рух дод, яъне содиротро маҳдуд карданд. Аз ин рӯ, дар бозори дохилии Тоҷикистон нархи ин навъи маҳсулот боло рафт. Аллакай дар Русия манъи содирот бекор карда шуд. Онҳо ба дарёфти бозори фурӯши маҳсулоти худ манфиатдоранд, вале бозорҳои дигаре мавҷуданд, ки метавон аз онҳо чунин маҳсулотро харидорӣ намуд. Фикр мекунам, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте мавҷуд нахоҳад буд», - таъкид кард вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста