Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7% коҳиш ёфтааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-июни соли равон дар КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба миқдори 30 ҳазор тонна камтар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ширкат 173 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 440 млн. $ содирот кардааст.
«Ҳаҷми содироти алюминий нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2% коҳиш ёфта бошад ҳам, дар ифодаи қимати пулӣ он 16% боло рафт, зеро арзиши ин маҳсулот муддати соли равон то ба 400 $ барои як тонна афзуд», - гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон ширкат истеҳсоли 390 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. Соли гузашта дар ширкат 349 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол гардида буд.
Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи ин металл дар ҳаҷми умумуи маҳсулоти содиротии кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 70%-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста