Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба истеҳсоли аккумулятор ҶДММ «ТОК» мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин корхона барои тамғаҳои гуногуни мошинҳои сабукрав ва боркаш истеҳсоли панҷ навъи аккумуляторҳо (СА-60, СА-75, СА-120, СА-140 ва СА-190) ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, корхона дар заминаи ЧДММ «Интер фер» бо харҷи 400 ҳазор доллари ИМА бунёд гардидааст, ки нисфи маблағ ба шаҳрванди Канда ва нисфи дигараш ба соҳибкори тоҷик тааллуқ дорад.
«Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ширкати украинии «ЛИК» ба маблағи 280 ҳазор $ аз Канадаву Украина таҷҳизот оварда, насб карда шуд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки нахуст иқтидори корхонаи нав ба истеҳсоли 15 ҳазор адад аккумулятор дар як сол баробар буда, минбаъд то ба 45 ҳазор расонидани он пешбинӣ мегардад.
Дар Вазорати энергетика ҳамчунин гуфтанд, дар ин корхона беш аз 30 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста