Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори ҷорӣ сохтани маҳдудиятҳои мавсимӣ ба ҳаракати автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм дар роҳҳои мошингард мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Шарифов хабар дод, чорабинии мазкур ба ҳифзи роҳҳои мошингарди кишвар аз амалу рафтори боркашонони беинсоф, ки меъёрҳои пешбинишудаи боркашонии бузургҳаҷмро сарфи назар мекунанд, нигаронида шудааст.
«Фасли баҳору тобистон роҳҳои автомобилгард аз бори беҳад вазнин бештар осебпазиранд. Ҳангоми лоиҳакашии роҳҳо дар шароити кишвари мо ҳадди ниҳоии борбардории меҳварӣ ба эътибор гирифта шудааст, ки он набояд аз 10 тонна ба як меҳвар боло бошад, - мегӯяд Шарифов. – Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Дар ҳама ҷо афзоиши борбардорӣ ба меҳвар бо асноди қонунгузорӣ маҳдуд мегардад. Мутассифона, соҳибкорони мо бо мақсади даромади бештар ба даст овардан, маҳсулотро аз меъёр зиёд бор карда, бо ин амал ба вазъи роҳҳо зарари зиёд мерасонанд».
Ба гуфтаи Шарифов, тасмими омодасозии чунин қарор дар ҷаласаи ҳукумат аз 30-юми июни соли равон қабул гардида, пас аз таҳия он ба тамоми вазорату идораҳо фиристода шуд ва назари мусбати онҳо нисбати ин қарор аллакай баён шудааст. Баъди тасдиқи лоиҳаи қарор аз ҷониби ҳукумат, он ҳукми қонунӣ пайдо хоҳад кард.
«Ҳамин тариқ, ҳукумат як тавозунеро муқаррар карданист, ки агар аз як тараф ба гирифтани даромад имкон фароҳам созад, аз тарафи дигар, нагузорад, ки зимни истифодаи роҳҳо ба он зиён расад», - афзуд номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста