Душанбе. 3-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар семоҳаи сеюми соли равон Тоҷикистон барои воридоти 1 ҳазор метри мукааби газ ба Ӯзбекистон 284,33 доллари ИМА пардохт хоҳад кард, ки нисбат ба семоҳаи дуюми соли равон 35,14 доллари ИМА бештар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд, арзиши газ ба нархҳои ҷаҳонӣ вобаста аст, ки он тамоили болоравӣ дорад. «Дар зарфи 6 моҳи соли равон 88 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид карда шуд, ки мувофиқи нақша аст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, феълан корхона аз Ӯзбекистон қарздор набуда, тариқи пешпардохт газро ворид месозад, ки асосан барои эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатии «Тоҷиксемент», «ТАЛКО» ва ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши газ истифода мегардад.
Дар робита ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ дар «Тоҷиктрансгаз» гуфтанд, аҳолии шаҳри Истаравшан рӯзҳои наздик бо газ таъмин карда хоҳанд шуд, зеро онҳо маблағи истифодаи онро пешпардохт кардаанд. «Дар шаҳри Душанбе баъзе микрорайонҳо бо газ таъминанд ва бо ҳаллу фасли масъалаи пешпардохти пурраи маблағи истифодаи газ шояд барои тамоми аҳолӣ газ дастрас гардад», - гуфтанд дар корхона.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Тоҷикистон воридоти 180 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистонро ба нақша гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста