Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи ғизойӣ ба мушоҳида мерасад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, тайи ҳафтаи ахир нархи маҳсулоти ғизойӣ ба андозаи 5-10% боло рафтааст. Дар вазорат сабаби инро ба афзоиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ, афзоиши қурби сомонӣ ба доллари ИМА ва ҷой доштани тақаллубкорӣ дар бозорҳои Тоҷикистон марбут медонанд.
Дар Вазорати мазкур мегӯянд, агар нисбати дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо чораҳои маҷбурӣ андешида шавад, он ба афзоиши шадиди нарх ва камбуди маҳсулот боис мегардад.
«Албатта, ҳангоме ки бозор худро танзим карда наметавонад, давлатро мебояд ба он мудохила намуд, вале на тариқи дар як сатҳ нигоҳ доштан нарх, балки бо роҳи ба бозор ворид кардани маҳслот ва ба гунаи мисол, ташкили ярмаркаҳои фурӯш, вале ин натиҷаи муваққатист», - гуфтанд дар вазорат.
Дар Вазорати мазкур бар ин назаранд, ки дар бахши иқтисои Тоҷикистон мебояд ислоҳоти густарда гузаронид ва низоми андозу қарзро танзим мебояд кард. «Ҳангоме ки соҳибкор миқдори зиёди андоз пардохт мекунад, ба ҳалли мушкили болоравии нархҳо муваффақ наметавон шуд. Имрӯз соҳибкор беш аз 80%-и даромади худро ба мақомоти андоз медиҳад ва мутаносибан таваҷҷӯҳи таъсиси корхонаи нав ё тиҷорати дигар батамом аз байн меравад», - гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи мониторинги доирнамудаи кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, аз моҳи июли соли гузашта то ба имрӯз арзиши гӯшт ба андозаи 30%, равғани рустанӣ – 56%, шакар – 59%, чой – 60% ва бензин – 45% афзудааст. Дар ин давра нархи орди истеҳсоли ватанӣ ба миқдори 36% ва орди истеҳсоли Қазоқистон ба андозаи 30% зиёд шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста