Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Анқара Салиҳ Безҷи баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ф. Шарипов дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Туркия ва самтҳои афзалиятноки он маълумот дод.
Сипас масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, текстил, хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ (меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра), бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонӣ, ташкил намудани бизнес-форум бо соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Анкара баррасӣ гардид.
Дар навбати худ Салиҳ Безҷи иттилоъ дод, ки Палатаи савдо ва саноати шаҳри Анкара соли 1923 ташкил шуда аст, ки дар он 12500 ширкат аъзо буда, дар тамоми соҳоҳо фаъолият менамоянд. Ў ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки густариш ва инкишофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, саноати бофандагӣ, бунёд кардани корхонаҳои муштарак, тайёр намудани мутахассисон ва ташкил намудани бизнес-форумҳои муштаракро дастгирӣ менамояд.
Дар рафти мулоқот Салиҳ Безҷи оид ба барқароркунӣ ва истифодаи роҳи таърихии Абрешим ва самаранокии модернизатсияи гузаргоҳҳо дар гумрук маълумот дода, омодагии ширкати хусусии худро ҷиҳати таъмир ва модернизатсияи гузаргоҳҳо ва дарвозаҳои гумрукии Тоҷикистон ба таври замонавӣ изҳор дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста