Ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли равон 6,4%-ро ташкил хоҳад дод .
Бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ММД-и Ӯзбекистону Белорус нисбат ба соли гузашта мутаносибан ба андозаи 8,2 ва 8% зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми афзоиши ММД дар кишварҳои дигари узви ИДМ ба тариқи зайл аст: Қазоқистон – 6, Қирғизистон – 5,5, Арманистон – 5 ва Русияву Украина – 4,6%.
Интизор меравад, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли 2011 дар соли оянда ба миқдори – 6,2, Ӯзбекистон - 8, Белорус – 6,5, Қирғизистон – 6, Қазоқистон – 5,8, Украина – 5 ва Озарбойҷон – 3,5% меафзояд.
Соли оянда афзоиши ҳаҷми ММД дар кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 4,5% пешбинӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 24,704 млрд. сомонӣ (зиёда аз 5,6 млрд. $ бо қурби аввали моҳи январи соли 2010)-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 6,5% зиёдтар аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2009 ҳаҷми ММД-и кишвар ба 20 млрд. 622 млн. сомонӣ баробар буд.
Аввали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешбинӣ карда буд, ки афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли равон 30,2 млрд сомониро ташкил хоҳад дод. Афзоиши воқеъии ҳаҷми ММД дар сатхи 6,5% ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста