Рӯзи 25-уми августи соли 2011 ҷаноби Йошихиро Накаяма, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар маросими анҷоми лоиҳа дар ҷамоати «Аличур» - и ноҳияи Мурғоб ширкат варзид.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб» ба маблағи умумии 96.319 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шудааст, муваффақона ба итмом расид.
«Барои чорводорони маҳаллӣ боамн нигоҳ доштани қутосҳо дар фасли зимистон амри муҳол буд, зеро фермаҳои мавҷудаи ҷамоати “Аличур” солҳои 1970 сохта шуда, ба шароити нигоҳдорӣ мутобиқ набуданд. Зарурати фавран сохтани фермаҳои нав барои таъмини амни қутосҳо пеш омад», - гуфтанд дар сафорати Ҷопон.
Ба иттилои манбаъ, тавассути лоиҳаи мазкур се фермаи қутоспарварӣ барои нигоҳдории онҳо дар шароити боамн дар фасли зимистони қаҳратун сохта шуд. «Гузашта аз ин, шабака барои обёрии 100 га замини роҳандозӣ шудааст. Дар натиҷа афзун намудани ҳосилнокии меҳнат боиси зиёд шудани даромад барои 600 чорводорони маҳаллии ҷамоати “Аличур”-и ноҳияи Мурғоб мегардад», - афзуд сарчашма.
Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байнулмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 271 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $19.8 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста