Дар вилояти Ботканди Қирғизистон 16 автомашинае, ки ба Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ меоварданд, боздошт шуданд. Дар ин бора бо истинод ба Хадамоти давлатии пулиси молиявии назди ҳукумати Қирғизистон ОИ «24 kg» хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти хадамоти мазкур, «чораҳои андешидаи тадорукотӣ ва фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҷиҳати ба даст овардани натиҷаи мусбат дар ошкор сохтани ҷинояткории марбут ба ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи сӯзишворӣ аз вилояти Ботканд ба Тоҷикистон мусоидат намуданд».
«Дар натиҷаи тадбирҳои андешида 16 автомашинае, ки маводи сӯзишвориро ба миқдори 462 тонна ба маблағи 15 млн. сом ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ буданд, боздошт гардида, аз рӯйи ин далел 8 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад», - гуфта мешавад дар иттилои хадамоти номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста