Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот, ки бо маблағҳои бюҷетӣ сохта шудаанд, ширкат хоҳад варзид .
Сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» иштирок мекунад.
Бино дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии мақомоти шахрдории Душанбе бунёд гардида, майдони умумии фарогирифтаи он ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии бино 92 метр буда, он аз 20 ошёнаи ба истилоҳ «фаъол» ва ду ошёнаи техникӣ иборат аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони иншооти мазкур моҳи октябри соли 2009 оғоз гардида, баҳри бунёди он аз бюҷети пойтахт беш аз 160 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Корҳои лоиҳакашии иншоотро ҶС «Шаҳрофар» анҷом дода, паймонкор ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» аст.
Панҷ ошёнаи аввали бино барои ҷойгиркунонии марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳо, толорҳои намоиши мӯд, баргузории гуфтушунидҳо ва ҷойгиркунии ширкатҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудаанд.
«Дар ошёнаи 6 ва 19-ум тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой фаъолият хоҳанд кард, - мегӯяд Ш. Саидов. – Шурӯъ аз ошёнаи 7 то 15-ум идораҳои кории ташкилотҳои гуногун ҷойгир шуда, дар ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона ва дар ошёнаҳои 21 ва 22 хадамоти техникии бино ҷойгир хоҳанд шуд».
«Дар бинои мазкур 12 адад лифтҳо хизматрасонӣ хоҳанд кард. Истгоҳ барои автомобилҳои «Душанбе-Плаза» дар ду ошёнаи аввал бо фарогирии майдони умумии 5 ҳазор метри мураббаъ фаъолият хоҳад намуд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста