Аз замони мавҷудияти қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд имрӯз қатораи муосифрбар бори нахуст сӯйи шаҳри Маскав раҳсипор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори вокзали роҳи оҳани «Хуҷанд» Саидҷон Ғафуров хабар дод, қатора бо 430 нафар мусофирон нимаи дуввуми рӯз ба самти Маскав ҳаракатро оғоз мекунад. Вагонҳои қатора мутобиқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ дар корхонаи вагонсозии шаҳри Тошканд аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар муддати қариб се шабонарӯз мусофирон метавонанд аз хизматгузории 18 нафар роҳбаладон истифода намоянд. Ҳаракати қатораи мусофирбар тавассути ин хатсайр ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.
«Қаблан то соли 1991 тариқи убури шаҳри Хуҷанд қатораи транзитии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ба Маскав ҳаракат мекард. То имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти Русия ҳеҷ каторае раҳсипор нашудаст», - афзуд Ғафуров.
Қобили зикр аст, ки роҳандозӣ намудани ин хатсайр ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста