Ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар тангаҳои хотиравӣ баровард. Тангаҳои ҷашнӣ бо арзиши 50 сомонӣ аз нуқра тайёр карда шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, тангаҳо аз ҷониби корхонаи «Интернешнл Койн Хаус»-и Швейтсария омода шудаанд. Дар маҷмӯъ шумори онҳо 3 ҳазор дона буда, вазни ҳар як танга 28 грамм аст. Як тангаро метавон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пардохти 583 сомониву 89 дирам маблағ дастрас кард.
Бори нахуст тангаҳои нуқрагии арзишашон 3 ва 5 сомонӣ соли 2004 ба муносибати 80-умин солгарди шаҳри Душанбе ва 10-солагии қабули Конститутсия бароварда шуда буданд. Бори ахир бошад, тангаҳои нуқрагӣ соли 2008 ба ифтихори 1150-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ бароварда шуд.
Соли 2006 ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ тангаҳо аз металлҳои қимматбаҳо, нуқра ва тило бароварда шуданд.
Тоҷикон анъанаи хеле қадими сикказанӣ ва муомилоти пулӣ доранд. Барориши аввалин сиккаҳо дар сарзамини бостонии Бохтару Суғд аз асри III то милод, аз замони давлатдории сулолаҳои Селевкиён ва Юнону Бохтариён ибтидо мегирад. Ин сиккаҳо драхма (дирҳам) ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён сохта мешуданд. Минбаъд сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар тӯли таърихи миллат ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида, то садаи ХХ пайваста идома ёфтааст.
Авҷи аълои сикказанӣ ва муомилоти молию пулӣ ба даврони аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён (875 - 999), ки пули нави Тоҷикистони мустақил ба ифтихори онҳо «Сомонӣ» номгузорӣ шудааст, рост меояд. Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави ин давлати муқтадир қариб 30 маркази сикказанӣ вуҷуд дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста