Аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки беш аз 64%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Тоҷикистон аввали моҳи сентябр шурӯъ гардида, феълан дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ изҳор мекунанд, ки соли гузашта дар ҳамин давра ҳудуди 131 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Дар вазорати инро ба он марбут медонанд, ки соли гузашта бинобар обуҳавои номусоиди баҳорӣ ҷамъоварии ҳосил дертар шурӯъ гардида буд.
Айни замон ҳамарӯза ба хирмани пахтаи кишвар ба ҳисоби миёна 11,5 ҳазор тонна ҳосили пахта супорида мешавад, ки 3% аз нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз 180 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки қариб 70%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ ба андозаи 16,5 ҳазор тонна ё худ ҳудуди 68%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар вилояти Суғд наздик ба 54 ҳазор тонна ё худ ба 51%-и дурнамо ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Соли равон дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба нақша 3 ҳазор тонна (303 ҳазор тонна) барзиёд ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид. Соли равон дар майдони ҳудуди 205 ҳазор гектар пунбадона кишт гардид. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме бештар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста