- Айни замон дар манотиқи Точикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст ва ахиран қатъ шудани интиқоли барқ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба баргузории корҳои таъмиру омодагирӣ ба мавсими зимистон марбутанд, - мегӯянд дар ширкати «Барқи тоҷик».
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шикати номбурда Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, ҳанӯз фасли тобистон дар ширкат нақшаи иборат аз 410 банд ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳия шудааст, ки то ба имрӯз ҳудуди 300 банди он ба иҷро расида, боқимонда қисман ё дар марҳилаи иҷро қарор доранд.
«Соли равон ширкат барои баргузории чорабиниҳо ва корҳои таъмиру пешгирӣ дар нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ зиёда аз 43 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», - изҳор кард Ёдгорӣ.
Тибқи пешгӯйи коршиносони ширкат, соли равон ҷорӣ сохтани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта бадтар нахоҳад буд. Соли гузашта шурӯъ аз моҳи ноябр минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 12 соат дар як шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин мешуданд. Дар шаҳрҳои бузург интиқоли барқ умуман қатъ намегардид.
Ёдгорӣ ҳамчунин афзуд, айни замон дар Тоҷикистон ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 37-38 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол крда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста