Бонки рушди Авруосиё рӯзи 27-уми октябр созишномаи қарзӣ бо ҶСП «Тоҷпромбонк» дар бораи маблағгузории барномаи қарздиҳии хурд дар Тоҷикистонро ба имзо расонид.
Бно ба маълумоти хадамоти матбуоти бонки мазкур, қарз дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати се сол бо якчанд қисм тибқи дархости қарзгир ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, «Тоҷпромбонк» мустақилона корхонаву ширкатҳоро, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ҷиҳати пешниҳоди қарз интихоб хоҳад кард. Қарзҳои аз 1 то 50 ҳазор доллари ИМА ба муддати то 36 моҳ ихтисос дода мешаванд.
«Амалисозии лоиҳаи мазкур миёни БРАО ва «Тоҷпромбонк» ба муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушду устувори тиҷорати хурд дар Тоҷикистон, густариши муҳити рақобатпазирӣ ва мутаносибан афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, зиёд шудани номгӯи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳбуди сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд натиҷаи назарраси рушди иқтисоди бозаргонии ҷумҳурӣ ба даст оварда мешавад», - чунин мешуморанд дар БРАО.
Соли 2010 БРАО ба «Тоҷпромбонк» барои амалисозии барномаи қарздиҳии хурд ба мӯҳлати 1 сол дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо карда буд. Дар чаҳорчӯби ин қарз «Тоҷпромбонк» бо иловаи 1,8 млн. доллари ИМА аз захираҳои худ дар ҳаҷми умумии 4,8 млн. доллари ИМА беш аз 1 ҳазору 900 адад қарзҳои хурд ҷудо намуд. Моҳи сентябри соли равон ин қарз пурра пардохт гардид.
Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар таърихи 1-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста