Бонки авруосиёии рушд (БАОР) имкони иштирок дар лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи обию барқии «Норак»-ро баррасӣ мекунад.
Тавре хадамоти матбуоти бонк хабар медиҳад, чанде пеш ҳайати БАОР таҳти сарварии муовини раиси раёсати бонк Камбар Шалгимбоев дар шаҳри Душанбе бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов гуфтушунид анҷом дод.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳо ва дурнамои фаъолияти сармоягузории БАОР дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, - омадааст дар хабар. – Масъалаи имкони ҷалби воситаҳои бонк ва Фонди зиддибӯҳронӣ барои амалисозии лоиҳаи сармоягузории «Таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак», ки ҳукумати Тоҷикистон онро ба шумори вазифаҳои афзалиятнок дар бахши энергетика барои солҳои 2010-2015 дохил кардааст, дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт. Арзиши тахминии лоиҳа ҳудуди 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад».
Нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» аз чор се ҳиссаи талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқро таъмин сохта, бо истифода аз технологияи муосир ба таҷдиду навсозии таҷҳизоти асосӣ ва ёридиҳанда ниёз дорад. Нерӯгоҳи мазкур бо иқтидори 3 ҳазор МВт соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, агрегати охирини он соли 1979 ба истифода дода шуд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки авруосиёии рушд созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин кишварҳо таъсис ёфт. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР беш аз 1,5 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Кишварҳои узви бонк Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус ва Қирғизистон мебошанд.
Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар ҳаҷми 8,513 млрд. доллари ИМА 9-уми июни соли 2009 аз ҷониби ҳукуматҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста