Cе соли минбаъд Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 215,5 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад.
Бино ба гуфтаи намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши, Барномаи БОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар доираи он воситаҳои зикршуда пешниҳод мегарданд, бо ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва мувофиқа шуда, ҳамин ҳафта аз ҷониби мақомоти раҳбарии бонк маъқул шуморида хоҳад шуд.
Ҷ. Токеши зикр намуд, ки ин барнома ба ҳалли масоили бештар афзалиятнок оид ба рушди кишвар, аз ҷумла дастгирӣ дар барқарорсозии зерсохтори мавҷуда, беҳбуди таъмин бо барқ бо шумули тавсеъаи истифодаи энергияи барқароршаванда барои таъмини талаботи дохилӣ ва берунӣ ва ҳамчунин рушди бахши хусусӣ равона мегардад.
«Барои соли 2012 ҳаҷми кӯмаки БОР ба ҷумҳурӣ 62 млн., барои соли 2013 – 69 млн. ва соли 2014 низ 69 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағи кӯмаки техникӣ тӯли ин солҳо ба 15,5 млн. доллари ИМА баробар хоҳад буд», - гуфт вай.
Ба қавли намояндаи бонк, соли оянда Барномаи БОР маблағгузорӣ ба лоиҳаи барои ҷумҳурӣ муҳим – таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистонро дарбар хоҳад гирифт, зеро ин минтақа дорои имконоти хуби рушди бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, коркарди канданиҳои фоиданокро доро буда, ҳамчунин дар ин ҷо аҳолии зиёд зиндагӣ дорад.
«Масофаи роҳи мошингарди мазкур 125 километрро ташкил дода, интизор меравад, ки баҳри амалисозии ин лоиҳа БОР аз 120 то 125 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо хоҳад кард», - иброз дошт номбурда.
Ба қавли Ҷоҷи Токеши, соли 2012 ҳамчунин барои амалисозии лоиҳаҳои рушди маблағгузории хурд оид ба энергияи барқароршаванда низ воситаҳо ҷудо мегарданд. «Ҳамчунин ду лоиҳаи начандон бузурге мавҷуд аст, ки ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дар рушди зерсохтори нақлиёт ва энергетика кӯмак хоҳанд кард», - зикр кард ӯ ва афзуд, ки «айни замон ҳамаи ин чор лоиҳа мавриди таҳия қарор доранд.
Токеши ваъда дод, ки баъди аз ҷониби мақомоти раҳбарии Бонк маъқул шуморидани Барнома барои солҳои 2012-2014, ояндаи наздик дар бораи лоиҳаҳо барои солҳои 2013-2014-ро низ маълумот хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста