Дар вилояти Суғд давоми соли 2011 - 4580,5 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуда, барқароркунии боғу токзорҳо бошад, дар ин давра дар майдони 1159,77 гектар амалӣ карда шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи нақша дар соли 2012 мувофиқи вилоят дар майдони 3730 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, ҳамкории боғпарварони вилоят ҷиҳати рушди соҳаи боғпарварӣ бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарвар, хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 2 миллион бех ниҳолҳо омода карда шудааст, ки аз он зардолу 531 ҳазор бех, шафтолу 265 ҳазор бех, бодом 228 ҳазор бех, себ 385 ҳазор бех ва дигар дарахтони мевагиҳо 591 ҳазор бехро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар вилоят соли сипаригашта, 72564 тонна меваҷот ва 42693 тонна ангур истеҳсол карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста