Дар соли 2011 дар корхонаҳои маҳсулоти орди истеҳсоли маҳсулот ба 92,3 млн. сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,3%-ро ташкил дод.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, корхонаҳои ордбарорию нонпазӣ бе истифода аз қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби истифодаи самарабахши имконияту захираҳои дохилӣ дар соли 2011-ум 1068324 тонна орд ва 1765473 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуданд.
Корхонаҳои ордбарории ҶММ «Ҷасур»-и н. Ваҳдат, ҶСП «Орди Истаравшан»-и ш. Истаравшан, ҶММ «Орди нави Спитамен»-и н. Спитамен, ҶММ «Орди рушти Хатлон»-и ш. Сарбанд, ҶММ «Сомон Турон Инвест»-и ш. Турсунзода, ҶС «Хушаи гандум»-и н. Данғара, ҶММ «Зерновая компания»-и н. Б. Ғафуров, ҶММ «Орди Шаҳринав»-и н. Шаҳринав , ҶСШК «Ғалла»-и ш. Душанбе ,ҶММ «Фаровон-1»-и ш. Қайроқум , ҶММ «Ҷасур»-и ш. Ваҳдат ва КФ «Ҷаском Инвест» нисбати соли 2010 хуб фаъолият карда, суръати афзоишро ба ҳисоби миёна 114% расонданд.
Бояд тазаккур дод , ки корхонаҳои ҶДММ «Сомон Турон Инвест» ва ҶММ «Маколлӣ» хати нави технологии истеҳсоли макарони спагеттӣ дар соли ҷорӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо маҳсулоти хушсифати рақобатпазир бозорҳои кишварро менамояд, инчунин ҶДММ «Зерновая компания»-и ш. Б. Ғафуров низ хати технологии муҷаҳази истеҳсоли макарон ба роҳ монда шудааст, ки ин вориди маҳсулоти макарониро аз хориҷӣ кишвар кам менамояд.
Дар ҷумҳурӣ 19 корхонаи ордкашӣ фаъолият мекунад ва ҳоло дар як шабонарӯз зиёда аз 1520 тонна орд истеҳсол мекунанд. Дар корхонаҳо ба масъалаи бо технологияи нави ҳозиразамон таҷҳизонидани истеҳсолот диққати махсус дода мешавад. Дар корхонаҳои ордбарории фаръии «Ҷаском –Инвест», ҶДММ «Сомон Турон Инвест», ҶММ «Маколлӣ», ҶММ «Орди Шаҳринав», ҶММ «Орди Хатлон», ҶММ «Дилшод»-и ноҳияи Ҳисор, ҶММ «Зерновая компания»-и ш. Б.Ғафуров ва комбинати маҳсулоти нони шаҳри Хуҷанд технологияи нави бо компютер таҷҳизонидашуда ҷорӣ карда шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста