Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 210 ҳазор га пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.
Дар нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов изҳор кард, ки бо назардошти аз ҳар гекар ба даст овардани 20 сентнерӣ ҳосил, соли равон ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст.
Ӯ хотирррасон намуд, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. «Соли гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд», - гуфт вай.
Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии ҳосили соли гузашта ҷамъоваришуда ҳамагӣ ҳудуди 6 ҳазор тоннаашро пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар шарҳи сабаби коҳиш ёфтани содироти нахи пахта дар соли гузашта нисбат ба соли 2010, Исроилов иброз дошт, ки ин пеш аз ҳама ба нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст.
«Тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта як қадре коҳиш ёфт ва дар робита ба ин, истеҳсолкунандагон ба фурӯши он шитоб накарданд, - гуфт ӯ. – Имрӯз бошад, нархҳо тадриҷан боло мераванд. Аз охири тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта аз 1,5 ҳазор $ қариб то 1,9 ҳазор $ барои як тонна боло рафтанд. Аз ҳама муҳимаш маҳсулот мавҷуд аст, фурӯхтани он бошад, тамоми вақт имконпазир хоҳад шуд».
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба андозаи 1,1 коҳиш ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста