Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба рушди фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ Бонки исломии рушд ниятдорад, ки ба Тоҷикистон 17,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии бонки мазкур хабар дода мешавад.
Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷрокунандаи бонк як қатор лоиҳаҳо оид ба рушди кишварҳои узв ва ҷамъиятҳои мусулмонии кишварҳои узв ба маблағи умумии 321,8 млн. доллари ИМА маъқул шуморида шудааст. Лоиҳа оид ба Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.
Бино ба маълумоти манбаъ, 140 млн. $ аз ин маблағи умумӣ барои рушди бахши энергетикаи Покистон, 30,7 млн. $ - барои рушди бахши тандурустӣ дар Уганда ва 32,3 млн. $ барои рушди бахши кишоварзӣ дар Миср пешбинӣ шудаанд.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъиятҳои мусулмонӣ дар Чин, Эфиопия, Ҳиндустон, Венесуэла, Филиппин ва Кипри Шимолӣ низ мавриди писанд қарор гирифтаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста