Муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Рустам Ҷабборов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки шумори андозҳо дар Тоҷикистон метавонад аз 21 то 11 шумор поин оварда шавад.
Ба гуфтаи вай, гурӯҳи корӣ қисми асосии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро таҳия намуда, айни замон он мавриди баррасии комиссия оид ба таҳияи кодекси нав қарор дорад. «Дар ҳуҷҷат кам кардани шумори андозҳо то 11 номгӯй пешниҳод мегардад, аммо шумори андозҳои пешниҳодшуда дар қисми махсус, ки омодагӣ ба он пас аз баррасии қисми асосии лоиҳаи Кодекс оғоз мегардад, метавонад тағйир ёбад», - гуфт ӯ.
Р.Ҷабборов зикр кард, ки зимни таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз мувофиқи имкон ҳамаи пешниҳодот ба эътибор гирифта мешаванд. «Дар робита ба таҳияи Кодекси нави андоз аз соҳибкорон, мақомоти андоз, созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар андозсупорандагон беш аз 800 пешниҳодоту тавсияҳо ворид шуд», - гуфт муовини раиси кумита.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов зикр кард, ки мақомоти андоз тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки Кодекси нав ҳуҷҷате гардад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намояд.
«Мо кӯшиш мекунем, ки лоиҳаи Кодекси нав ба ҳукумати кишвар то 1-уми апрели соли равон пешниҳод карда шавад», - гуфт Н.Давлатов.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат моҳи июни соли 2010 таҳти сарварии вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таъсис дода шуд. Дар қарор гуфта шудааст, ки лоиҳа бояд на дертар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста