Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷиҳати бо ҳайаташ ба лизинг додани ҳавопаймоҳои истеҳсоли шӯравӣ гуфтушунид дорад.
Ба гуфтаи директор дар умури тиҷорат ва муносиботи байнулмилалии ширкати «Тоҷик Эйр» Исмоил Ғаффоров, солҳои наздик ширкат ният дорад, ки парки ҳавопаймоҳоро нав намояд. «Барои бекор намондани ҳайати сарнишинон ва кормандони техникии ҳавопаймоҳое, ки қаблан истифода мешуданд, ин ҳавопаймоҳо бо ҳайати шахсӣ ва кормандони техникиаш ба лизинг дода мешаванд», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ҳамчунин ҳавопаймоҳое, ки дар ширкат нигаҳдорӣ мешаванд, низ ба фурӯш гузошта мешаванд. «Феълан аз 36 ҳавопаймо танҳо 14-тоаш коршоям буда, боқимонда муддати зиёдест, ки дар ширкат нигаҳдорӣ мешаванд. Миёни онҳо ҳавопаймоҳои Ту-134 ва Як-40 низ мавҷуданд», - иброз дошт Ғаффоров.
Намояндаи ширкти ҳавоаймоӣ изҳор кард, ки як қатор ширкатҳо хоҳиши хариди ҳавопаймоҳои корношоями ширкатро кардаанд ва шояд чанде аз ин ҳавопаймоҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо ва фурӯхта шаванд.
Ғаффоров зикр кард, ки тамоми масоили марбут ба фурӯши ҳавопаймоҳо бо Кумитаи амволи давлатӣ мувофиқа хоҳанд шуд, зеро ин муассисаи давлатӣ молики ягонаи ширкати ҳавопаймоӣ аст.
Ба гуфтаи директори техники ҶСК «Тоҷик Эйр» Сӯҳроб Ҷӯраев, ба навъи боркаш табдил додани чанде аз ҳавопаймоҳои мусофирбар ба нақша гирифта шудааст, вале барои ин вақти зиёд, таҳияи тарҳи техникӣ ва маблағи пулӣ зарур аст.
Бино ба маълумоти ширкат, соли гузашта барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани ҳавопаймоҳои дар истифода қарордошта беш аз 20 млн. сомонӣ маблағ хароҷот шудааст.
Айни замон дар парки ҳавопаймоии ширкати «Тоҷик Эйр як ҳавопаймои Боинг 757-200, ду Боинг 737-500, як Боинг 737-300, ду Ту-154М, як Ан-24, як Ан-26, ду Ан-28, як Як-40 ва се чархболи Ми-8МТВ мавриди истифода қарор доранд.
Ғайр аз ин, ахири соли гузашта ширкати «Тоҷик Эйр» як ҳавопаймои МА-60-и истеҳсоли Чинро дастрас кард. Айни замон ҷиҳати баҳори соли равон харидани боз як ҳавопаймои Ма-60 бо корпоратсияи чиноии Xian Aircraft International Cooperation гуфтушунид идома дорад.
Соли 2011 ширкати «Тоҷик Эйр» дар бораи нияти дастрас кардани ду ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и истеҳсоли Русия дар соли 2014 созишнома ба имзо расонид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста