Маблағҳои пулии ҶСК «НОБ-и Роғун», ки дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷойгир карда шуда буданд, дар ҳаҷми 25 млн сомонӣ фоида оварданд.
Зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки талабот ба ин воситаҳо ба ҳаҷми маблағи пулии зарурӣ барои иҷрои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» вобаста аст.
«Аз ҷониби ҶСК «НОБ Роғун» ҳисобу китоби иҷрои корҳои насбу сохтмон ва харидани таҷҳизот аллакай пешниҳод гардида, он мавриди баррасӣ қарор дорад. Соли равон барои иҷрои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳ 1,1 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Бо истифода аз ин маблағ ҳамчунин кӯчонидани аҳолӣ аз макони обанбори ояндаи нерӯгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст», - зикр кард вазир.
Наҷмиддинов мутмаин аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар муҳлати муайяншуда, яъне нимаи моҳи феврали соли равон ба баргардонидани воситаҳои гирифтаашон аз ҳисоби маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» омодаанд. «Ба бонкҳо дар ин хусус огоҳиномаи дахлдор ирсол гардид ва онҳо ба баргардонидани маблағ бояд омода бошанд. Ман фикр мекунам, ки дар ин масъала мушкилоте пайдо нахоҳад шуд», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 маблағҳои пулии ҶСК «НОБ Роғун» дар ҳаҷми 157 млн. сомонӣ ба муҳлати як сол ба суратҳисобҳои депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуданд.
Маблағи аз ин ҳисоб гирифтаи бонкҳо ба тариқи зайл буд: ҶСК «Агроиннвестбонк» - 118,2 млн., «Тоҷиксодиротбонк» - 20,3 млн., «Бонки рушди Тоҷикистон» - 2,8 млн., «Тоҷпромбонк» - 11,1 млн. ва «Фонон Бонк» - 5 млн. сомонӣ.
Қобили зикр аст, ки ин маблағ бояд моҳи августи соли 2011 баргардонида мешуд, вале бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» муҳлат суратҳисобҳои депозитӣ то 16-уми феврали соли 2012 дароз карда шуда, ғайр аз ин, дархости се бонк перомуни ҷудо кардани маблағи иловагӣ аз хисоби «пулҳои Роғун» дар ҳаҷми 80 млн. сомонӣ қонеъ гардонида шуд. Аз ин ҳисоб ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳар кадоме 30 млн. сомонӣ ва БДА «Амонатбонк» барои дастгирии пардохтпазирӣ 20 млн. сомонӣ маблағ гирифтанд.
Ҳамин тариқ, имрӯз дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон 237 млн. сомонӣ (49,8 млн. $) аз маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» ҷойгир карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мухаммад23 январ, 2012 18:19
суми мардума кай метен???
Мухаммад23 январ, 2012 18:18
суми мардума кай метен??? мачбур каден ки сахмия харен сахмия харен баьд сумтона метем ина надоден фиреб каден хамара