Моҳҳои ноябр-декабри соли 2011 ба иллати садама дар қаламрави Ӯзбекистон ва баста шудани қитъаи роҳи оҳани Хатлон буҷети ҷумҳурӣ ҳадди ақалл аз воридоти 14, 3 млн. сомонӣ аз Хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб маҳрум шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти гумруки минтакаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҷабов хабар дод, ин маблағ метавонист зиёдтар бошад, зеро рақами нишондодашуда танҳо тибқи фармоишти пешакии гузаштани бор тавассути ду гузаргоҳи гумрукии минтақа – Қурбон-шаҳид ва Кӯлоб ҳисоб карда шудаанд.
Ба гуфтаи Раҷабов, соли гузашта кормандони хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб ба буҷети ҷумҳурӣ 29 млн. 195 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Дар маҷмӯъ гумрукчиёни Кӯлоб ба густариши фаъолият ва ҳарчи бештар фаро гирифтани минтақаи назорат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани пули автомобилгард миёни деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод ва рустои Хоҳони Афғонистон дар Хадамот гумруки минтақаи Кӯлоб боз як гузаргоҳ ташкил карда мешавад ва мо ба он қаблан омодагӣ мегирем», - афзуд Ҷ.Раҷабов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста